Ҷустуҷӯ
rutjen

Луғати хурди англисӣ – тоҷикӣ (бо ҳарфи Ee)

Луғати хурди англисӣ – тоҷикӣ (бо ҳарфи Ee)

Ee

to earn - фоида ба даст овардан, бозёфт кардан

to earn a mark for the answer - баҳо гирифтан, ба ивази ҷавоб баҳо гирифтан

earth tremos - заминларза, заминҷунбӣ

eastern - шарқӣ

ecumenical - экуменикӣ (таълимоти масеҳӣ)

education - маълумот, маориф

effort - кӯшиш, саъй, саъю кӯшиш, зӯрзанӣ, ҷидду ҷаҳд

either ... or - ё, ё ин ки, ё худ

election - интихобот

electric heater - гармкунаки барқӣ

electric power - қувваи барқ

electrical appliances - таҷҳизоти маишӣ

electricity - қувваи барқ, барқ

embassy - сафоратхона

embodiment - таҷассум, муҷассамшавӣ, таҷассумёбӣ

embroider - гулдӯзӣ (ироқидӯзӣ) кардан

to emerge - пайдо шудан, намудор (аён, намоён) шудан, падид омадан, зуҳур кардан, зоҳир шудан

emission - партов

empire - империя, сулола

to employ - ба кор таъмин кардан, вазифа додан, истифода намудан

to empty - ғорат (хоку туроб, хонасалот, хонабардӯш) кардан, холӣ кардан

empty - холӣ, фориғ

to encourage - рӯҳбаланд кардан, рӯҳ бахшидан, илҳом додан

endorse - ба қафои ҳуҷҷат имзо гузоштан

energy - қувваи барқ, қувва, муқовимат

engine - мотор, муҳаррик

to enjoy - истироҳат кардан, роҳат кардан, дам гирифтан, чашидан, лаззат бурдан, ҳузур кардан, айшу ишрат (кайфу сафо) кардан, нӯши ҷон кардан, писанд дидан, маъқул донистан

to enjoy a wonderful view of - аз намуди зебои … ҳаловат бурдан

to enjoy doing smth - аз иҷрои коре ҳаловат бурдан

to enjoy oneself - вақти хешро хуб гузаронидан

enjoyable - хуш, форам, гуворо, дилписанд, хушмазза, лаззатбахш, мужда, (хабари хуш) оваранда

enormous - бузург, азим, зиёд, бешумор, калон

to enrol - дохил шудан

enterprise - муассиса, идора, корхона

to entertain - хурсанд (хушнуд, хушвақт) кардан, шод кардан, истироҳат кардан

entertaining - шавқовар, хурсандибахш, хурсандиовар, ҳаловатбахш

entertainment - хушҳолӣ, ҳаловат, вақтхушӣ, истироҳат, тамошо

enthralling - ҷозибанок, ҷаззоб, дилрабо, дилкаш, дилангез

enthusiasm - бо таваҷҷӯҳи хоса, бо эҳсоси баланд

enthusiasm - шавқу завқ, хурсандӣ, ваҷд, ғайрат, ҷидду ҷаҳд, ҷӯшу хурӯш, рӯҳбаландӣ

enthusiast - одами боғайрат (пурҷӯшу хурӯш, рӯҳбаланд)

entire - том, мутлақ, комил, мукаммал, куллӣ

entrance - даромадгоҳ, роҳи даромад, дари даромад

entrance - қабул, дохилшавӣ, ворид

entrance exam - имтиҳони дохилшавӣ

entrepreneur - соҳибкор, корхонадор, соҳиби корхона (муассиса), корчаллон

environment - муҳити атроф

environment pollution - ифлосшавии муҳити атроф

to envy - ҳавас кардан, ҳасад хурдан, ҳасад бурдан

epoch - давр, давра, замон

equal - баробар, мусовӣ

equipment - таҷҳизот, асбобу анҷом

escalator - эскалатор  (зинаи равон)

Escimos - эскимосҳо

essence - моҳият, ҷавҳар, асл, атр

to establish - таъсис додан, ташкил додан, бино кардан

to establish oneself in favour - шоиста ё арзанда шудан, қадршиносӣ намудан

to estimate - нарх гузоштан,  қимат таин  кардан, мулоҳиза (муҳокима)  кардан,  санҷидан, баҳо додан

estuary - резишгоҳи дарё

ethnic - этникӣ

eucalyptus - эвкалипт (як навъи дарахти ҳамешасабз)

European - аврупоӣ

eve - арафа

event - воқеа, ҳодиса, рӯйдод

exact sciences - илмҳои дақиқ

to exaggerate - муболиға (муҳобот) кардан, аз будаш зиёд нишон додан

to exceed - афзудан, аз ҳад (аз андоза, аз эътидол) гузарондан, зиёдтар кардан

except - ба ҷуз, ба ғайр аз

exchange - иваз, бадал, мубодила

exclusive - аъло, олӣ, алоҳида, аҷиб, беҳтарин

exclusively - танҳо, фақат

to execute - қатл кардан, куштан, иҷро кардан

to exercise - машқ кардан, малака ҳосил кардан

exhibition - намоишгоҳ

to exist - зистан, зиндагӣ кардан, умр дидан, будан, вуҷуд доштан, мавҷуд будан

existahce - ҳастӣ, вуҷуд, мавҷудият, ҳаёт, зиндагӣ

to expand - васеъ кардан, афзудан, интишор намудан, паҳн намудан

exploration - таҳқиқ, тадқиқ, омӯзиш

to explore - тадқиқ (таҳқиқ, тафтиш) кардан, кашф намудан, омӯхтан, фатҳ кардан

to extend - зиёд кардан, ривоҷ (вусъат) додан, тӯл кашидан, паҳн кашидан

extensive - васеъ, фароҳ

extreme - аҷибовар, ғайриоддӣ

extreme - буғ, бухор

extremely - аз ҳад зиёд, хеле, тамоман, куллан

Тамғаҳо

Дар ҳамин раф